Намояндагони Академияи идоракунӣ дар Форуми байналмилалии илмӣ дар Федератсияи Россия иштирок намуданд

Июнь 30, 2021 11:52

ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии Шимолу-Ғарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Форуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Эътимод ва рушди устувор дар шароити номуайянӣ: мафҳумҳои нави идоракунии давлатӣ дар давраи рақамӣ» баргузор гардид.

Тавре аз Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар Форуми мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода ва ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сомон Исматов иштирок намуданд.

Форум  дар  12 бахш дар мавзӯъҳои гуногунсамт гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар коршиносони варзида аз Федератсияи Россия, кишварҳои ИДМ, Осиё ва Аврупо дар мизҳои мудаввар, мубоҳисаҳо ва лексияҳои кушод баромад намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода  дар бахши 4-ум Форум – «Боварӣ ва шарикии кишварҳо дар доираи ассотсиатсияҳои ҳамгироӣ (Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СҲШ, БРИКС, АСЕАН) бо мақсади рушди устувори бисёр қутба» дар мавзӯи «20 соли СҲШ: нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди созмон» баромад намуданд.

Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур барои рушди муколама байни давлат, ҷомеаи тиҷоратӣ ва шаҳрвандон, марказҳои академии Россия ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои мубрами идоракунии давлатӣ ҳамчун талаботи дахлнопазири рушди устувор равона гардида буд.

Июнь 30, 2021 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад