Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар карданд

Июнь 29, 2021 11:14

ДУШАНБЕ,29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо сафари омӯзишӣ вориди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд. Боздид, ки барои барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дар минтақа, омӯзиши таҷрибаи ҳамсояҳо ва роҳандозии ҳамкорӣ  сурат мегирад, бо ибтикор ва пешбурди Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) созмон дода шудааст.

Ҳайати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 17 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, ду иттиҳодияи тиҷоратӣ ва як вазорати соҳавӣ иборат аст.

Ҳадаф аз ин сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ бо соҳаи нассоҷӣ дар вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷон мебошад. Интизор меравад, ки намояндагони ширкатҳои нассоҷии тоҷик бо ҳамтоёни  ӯзбекашон робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор намуда, бозори ашёи хому фазои фурӯшгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳаро меомӯзанд. Онҳо ҳамчунин, доир ба масъалаҳо ва сиёсатгузориҳои соҳавӣ дар Ӯзбекистон, ба мисли молиёт ва андоз, тартиби содироту воридот, дастрасӣ ба маблағгузорӣ, ва пуштибонии давлат аз соҳа маълумот мегиранд. Вохӯриҳо бо иттиҳодияҳо ва донишгоҳҳои соҳавӣ барои эҷоди ҳамкорӣ  дар оянда замина фароҳам хоҳад овард.

Ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои маъруфи Ӯзбекистон боздид намуда, бо технология ва равандҳои истеҳсолии ин корхонаҳо шинос мешавад ва таҷрибаи онҳоро меомӯзад.

Дар ҷараёни вохӯриҳо, роҳандозии барномаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои соҳавии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ баррасӣ мегардад.

Қарор аст, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар Донишкадаи муҳандисӣ ва технологии Намангон cозишномаҳои ҳусни тафоҳум имзо намоянд. Дар ҷараёни боздид аз ин муассисаи омӯзишӣ меҳмонон бо ҷараёни таълим ва омодасозии мутахассисони оянда шинос мешаванд.

Ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ  миёни иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои хидматрасони тиҷоратии ду кишвар баррасӣ мешавад. Бахшҳои намангонии Иттиҳодияи Узтекстилпром ва Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон дар бораи соҳаи нассоҷӣ, имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда дар минтақа маълумот дода, заминаҳои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикашонро баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин соҳибкорони ду кишвар дар дидорҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ (B2B) масъалаҳои марбут бунёди ширкатҳои муштаракро баррасӣ хоҳанд кард.

Сафари намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, ки то 3 июл идома меёбад, аз ҷониби Иттиҳодияи «Узтекстилпром» ва ҳамкорони МТБ дар Тоҷикистон – ширкатҳои консалтингии «ACT Development Group» ва «Business Consulting Group» дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода шудааст.

Июнь 29, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст