Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод», ки дар Санкт-Петербург ифтитоҳ шудааст, ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Қасри Таврический — қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми байналмилалии фарҳангӣ ва маърифатии кишварҳои узви ИДМ «Кӯдакони Иттиҳод» ифтитоҳ гаардид. Чорабиниро Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маъмурияти Санкт-Петербург ташкил карда шудааст. Бо қарори Шӯрои АБИ ИДМ Санкт-Петербург имсол бори аввал мизбони кӯдакони Иттиҳод хоҳад буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии АБИ ИДМ иттилоъ доданд.
Дар форум 60 намояндаи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат мекунанд. Субҳи дирӯз онҳо аз истеҳкоми Наришкин дар Қалъаи Петропавловск гулӯлаи Нисфирӯзиро аз тӯп парронданд ва пас аз он дар толори Думаи Қасри Таврический дар маросими тантанавӣ ба ифтихори оғози форум ҷамъ омаданд.
Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба иштирокчиёни чорабинӣ паёми видеоӣ ирсол кард ва кӯдакони Иттиҳодро дар Санкт — Петербург самимона табрик намуд.
«Дар ин рӯзҳои олиҷаноби тобистон ва шабҳои сафед шумо бо пойтахти зебои Шимолӣ ва атрофи шаҳр ва албатта, бо ҳамдигар шинос мешавед, дар бораи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бисёр чизҳои нав ва ҷолибро мефаҳмед. Шумо ба ҳамсолонатон дар бораи мероси ғании халқҳоятон нақл мекунед ва боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки Иттиҳоди мо — ҷаҳон яклухт — бузург, гуногун аст ва хотироти муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ онро муттаҳид намудааст».
Форум ба кӯдакон дӯстӣ кардан, эҳтиром доштан ба фарҳанг ва анъанаҳои муштараки халқҳои Иттиҳодро меомӯзонад, чунин меҳисобад Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.
«Самти асосии кори форум имсол фаъолияти лоиҳавии ҳайатҳо дар мавзӯъҳои «ЮНЕСКО — аз дидгоҳи мо» ва «Модели ЮНЕСКО» хоҳад буд. Мо итминон дорем, ки ширкаткунандагон ёдгориҳои мероси фарҳангии кишварҳояшонро, ки таваҷҷуҳи ЮНЕСКО-ро тақозо мекунанд, бомуваффақият муаррифӣ карда, лоиҳаи таъсиси созмони кӯдаконаи ЮНЕСКО-ро дар доираи Иттиҳод таҳия хоҳанд кард», — зикр кардааст Маҳмадтоир Зокирзода дар сухани ифтитоҳиаш, ки онро муовини роҳбари Котиботи Шӯрои АБИ ИДМ депутат Елена Кузина қироат кард.
Самти асосии фаъолияти форум мероси фарҳангӣ гардид, чунки соли равон дар ИДМ Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон шудааст. Пойтахти фарҳангии ИДМ шаҳри Душанбе эълом шудааст. Ҳайатҳо ёдгориҳои мероси фарҳангии кишварҳояшонро, ки таваҷҷуҳи ЮНЕСКО -ро тақозо мекунанд, муаррифӣ карданд. Дар форум масъалаи таъсиси созмони кӯдаконаи ЮНЕСКО дар доираи Иттиҳод баррасӣ мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти АБИ ИДМ.
Имсол форум бори аввал дар Санкт-Петербург доир мешавад ва аз 20 то 29 июн идома хоҳад ёфт. Дар доираи форум, теъдоди зиёди чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла дарсҳои маҳорат, муаррифии либосҳои миллӣ, иқдомоти экологӣ, флешмобҳои рақсӣ ва сурудхонӣ дар атрофи гулхан баргузор хоҳанд шуд. Рӯйдодҳои асосӣ дар заминаи маҷмааи солимгардонии кӯдакон «Буревестник» баргузор мешаванд. Илова бар ин, иштирокчиёни форум аз ҷойҳои муҳими таърихии Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград боздид хоҳанд кард.
Аксҳо аз АБИ ИДМ










ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд






