Дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба волидайни панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1 июни соли равон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода дар ноҳияи Қубодиён дар вазъияти тантанавӣ ба падару модари панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин сокинони хайрхоҳи ноҳия дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.
Модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадова ва дигар аъзои хонавода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ изҳори минатдорӣ намуданд.
Дар дохили хона барои кӯдакон ва волидайнашон тамоми шароити зарурӣ, аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро,Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки дар ҳама гуна вазъият омода аст ба кӯдакон кумак расонад.
Ёдовар мешавем, ки 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ назир надорад. Дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст мебошад.

















«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид






