ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 34+39 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, ҳаво то 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд






