ОГОҲИИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 5 то 9 июн дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 9 июни соли равон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водибуда ҳарорат то 37+42 ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43+46 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31+36 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 5-8 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, ки гармии зиёд метавонад сабабгори обшавии барфҳо дар кӯҳҳо шуда, боиси болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва омадани сел дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадашон шавад.
Аз ин рӯ аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва рӯзона, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароянд.
Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.
АКС аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






