ОГОҲИИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 5 то 9 июн дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст

Июнь 5, 2021 10:41

ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 5 то 9 июни соли равон  бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водибуда ҳарорат то 37+42 ва  дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43+46 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31+36 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  рӯзҳои 5-8 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, ки  гармии зиёд  метавонад сабабгори обшавии барфҳо дар кӯҳҳо шуда, боиси  болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва омадани сел  дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадашон шавад.

Аз ин рӯ аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш  карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш  кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва рӯзона, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароянд.

Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.

АКС аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ

Июнь 5, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд