Ғолибони дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон – «Tajikistan Open-2021» муайян шуданд

Июнь 14, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор  гардид, ки он бо пирӯзии дастаҳои мунтахаби Россия ва Қазоқистон анҷом ёфт.

Дар ин бора  котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  дод.

«Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Россия ғолиб шуд. Ӯ дар мусобиқаи якуми «Tajikistan Open» низ пирӯз шуда буд. Ҷойи  дуюм насиби варзишгар аз Қазоқистон Йердилда Йерассил гардид. Дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, Иля Ведмед (Қазоқистон),  Владислав Стругич (Белорус) ҷои дуюмро сазовор шуданд. Миёни духтарон Дарига Рустамова аз Қазоқистон ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Омина Валихонова аз Ӯзбекистон ба даст овард.Дар рақобати ҷуфти духтарон Даря Гнейдина, Дарига Рустамова (Қазоқистон) мақоми аввал, Каракат Коилбаева, Дилноз Машабаева (Қазоқистон) мақоми дуюмро сазовор гардиданд»,-афзуд манбаъ.

Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии «Tajikistan Open» 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат: Германия,  Амрико, Британия, Словакия, Ҳиндустон, Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат  варзиданд.

Июнь 14, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад