Ғолибони дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон – «Tajikistan Open-2021» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки он бо пирӯзии дастаҳои мунтахаби Россия ва Қазоқистон анҷом ёфт.
Дар ин бора котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
«Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Россия ғолиб шуд. Ӯ дар мусобиқаи якуми «Tajikistan Open» низ пирӯз шуда буд. Ҷойи дуюм насиби варзишгар аз Қазоқистон Йердилда Йерассил гардид. Дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, Иля Ведмед (Қазоқистон), Владислав Стругич (Белорус) ҷои дуюмро сазовор шуданд. Миёни духтарон Дарига Рустамова аз Қазоқистон ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Омина Валихонова аз Ӯзбекистон ба даст овард.Дар рақобати ҷуфти духтарон Даря Гнейдина, Дарига Рустамова (Қазоқистон) мақоми аввал, Каракат Коилбаева, Дилноз Машабаева (Қазоқистон) мақоми дуюмро сазовор гардиданд»,-афзуд манбаъ.
Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии «Tajikistan Open» 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат: Германия, Амрико, Британия, Словакия, Ҳиндустон, Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






