Ғолибони озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» муайян шуданд

Июнь 29, 2021 08:56

ДУШАНЕ, 29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян ва қадрдонӣ шуданд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи ҷадвали фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ гардид.

Дар давраи ҷамъбастии озмун, ки дар «Боғи Ирам» доир шуд, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, ҳунармандон, меҳмонон, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе ба кишвар ташриф оварданд, сайёҳону сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Меҳмонону иштирокчиён намоиши пешниҳоднамудаи ҳунармандони оҳангарону  мисгарон дидан карда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба мисгарӣ ва оҳангарӣ баҳогузорӣ намуданд. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ ташкил гардид.

Дар маросими кушодавии намоишгоҳ Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода сухан карда зикр намуд, ки фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархӯрдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид ва мустаҳам намудани заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёбад, ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта шавад. Мақсади озмуни оҳангарӣ ва мисгарӣ тарғибу ташвиқи ҳунармандии миллати тоҷик ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти оҳангарию мисгарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дарёфти чеҳраҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум арзёбӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» дар се давра – ноҳиявӣ дар шаҳру ноҳияҳо, вилоятӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе доир гардида, иштирокчиёни он дар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ барои дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба даври сеюми ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Июнь 29, 2021 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид