Озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти 110-солагии Мирзо Турсунзода ҷамъбаст гардид

Июнь 21, 2021 12:09

ДУШАНБЕ, 21.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав  ба хотири гиромидошти 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба муносибати 30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Ҳисор  ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмун насиби олим ва журналист Зафар Мирзоён аз вилояти Хатлон ва ҷойи якум шоистаи журналист ва пажӯҳишгари  собиқадор Раҷабалӣ Қудратзода  гардид. Муҳаққиқи донишманд Субҳони Аъзамзод аз шаҳри Хуҷанд ва хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ” Ҷумъахон Темурзода сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд. Ду нафар иштирокдорони озмун аз хориҷи кишвар Амина Шарофиддинова аз Самарқанд ва Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар аз Афғонистон сазовори ҷойҳои  сеюм дониста шуданд. Ҷоизаҳои махсуси муассисон ба чаҳор нафар — Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид  Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллло, шоира Шаҳрияи Ахтамзод, доктори илм Ҳабибулло Раҷабов супорида шуданд.Ҳамчунин 12 нафар аз иштирокдорони озмун низ бо ифтихорнома ва ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ба ин гурӯҳ рӯзноманигорон ва адибони варзидаи кишвар низ дохиланд.

Ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло яке аз ширкаткунандагони фаъоли озмунҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” буда, пеш аз ин дар ду озмуни ин рӯзномаи бонуфуз сазовори ҷойи аввал ва дар озмунҳои дигар соҳиби ҷоизаҳои махсус гардидааст.

Нахуст истиқболи ҳайати меҳмонон – иштирокдорони озмун, ки аз 60 нафар иборат буданд, дар пояи муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав бо суханрониҳои раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва раиси Иттифоқи нависандагои Тоҷикистон Низом Қосим баргузор гардида, бо базми шеъру суруд аз ашъори устод Мирзо Турсунзода идома ёфт.

Бегоҳии ҳамон рӯз, пас аз боздиди меҳмонон аз Қалъаи таърихии Ҳисори Шодмон, дар мавзеи биҳиштосои сабзу хуррами “Шаршара” базми шеъру суруд таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, адибони шинохтаи Тоҷикистон ва Афғонистону Ӯзбекистон дар сатҳи самимиву хотирмон барпо шуд.

Ҷамъбасти озмун субҳи рӯзи  19  июн дар “Кохи  Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бо иштироки ҳаводорони ашъори ноби устод Мирзо Турсунзода ва анқариби 100 нафар иштирокчии озмун баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар озмуни номбурда ба унвони идораи нашрия 200 мавод ворид гардида, сад мавод ба нашр расидааст ва хеле ҷолиб аст, ки дар ин озмун 20 нафар муаллиф аз кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Афғонистону Покистон ва Россияву Ӯзбекистон  ширкат доштанд.

Бояд гуфт, ки озмунҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷиддитарин масъалаҳои рӯзу рӯзгори муосири моро фаро гирифта, ҳадафҳои баланди милливу маънавиро пайгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, озмуни мазкур нӯҳумин озмуни ин  нашрияи  бонуфуз мебошад. Аз ин пеш озмунҳо бахшида ба гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои  мубрами забони тоҷикӣ; гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистоналлома Бобоҷон Ғафуров; гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва ваҳдати миллӣ; озмуни “Тоҷикистон хонаи умеди мо” бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон;  Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ; озмун бахшида ба шеъри кӯдакона;  гиромидошти шоири шаҳир Ғоиб Сафарзода дар ноҳияҳои Рашту Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, бо фарогирии шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Данғараву Восеъ бо ҳамкории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Ҷолиб он аст, ҳар яке аз  озмунҳои “Ҷумҳурият” ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ намудаву натиҷаҳои манфиатбахш ба бор овардаанд.  Аз ҷумла, дар тамоми мавзӯъҳои тавассути ин озмунҳо бардошташуда масалан,  мавзӯъҳои устод Айнӣ ва масоили забон, аллома Бобоҷон Ғаҷуров, рушди сайёҳиву ваҳдати миллӣ ва ғайра пажӯҳишои тозаву нави илмиву адабӣ ба даст оварда шудаву дар шакли китобҳои алоҳида интишор ёфтанд ва саҳми боризи худро дар рушди инсоҳаҳо гузоштанд.

Ҳоло боз ду озмуни эълоншудаи нашрияи расмии Тоҷикистон, яке дар гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳи Шоҳтемур, якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигаре дар мавзӯъи “Бахшида ба 30 -солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагори қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”  ҷараён дорад ва низ умедворем, самараҳои нек ба бор хоҳанд овард.

АКСҲО: «Ҷумҳурият»

Июнь 21, 2021 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст