Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 июни соли равон дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлати дарамавии ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад.
Тавре аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пеш аз оғози ин маъракаи фарҳангӣ дар назар аст, ки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия мулоқот намояд. Дар доираи баргузории ин рӯзҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россияро таҳти унвони «Вологодская кружево» ташкил менамояд.
Тибқи барнома, сафари иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ба шаҳри Норак, НБО-и «Норак», ноҳияи Варзобу Данғара дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони рус пешбинӣ шудааст. Меҳмонон ҳамчунин аз «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт боздид хоҳанд намуд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






