Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангиаш дар рушди сайёҳии Тоҷикистон ва иқтисоди он нақши барҷаста дорад

Июнь 18, 2021 15:56

ПАНҶАКЕТ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри бостонии Панҷакент, ки дорои ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор ва зарфиятҳои бои сайёҳӣ мебошад, дар рушди туризм дар Тоҷикистон  нақши барҷаста дорад. Ин матлабро  муовини аввали Раиси  шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода дар ҳамоиши миллии «Сайёҳии дохилӣ –омили рушди иқтисодӣ», ки дар  шаҳри Панҷакент баргузор гардид, баён намуд. Конфронси миллӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии водии Зарафшон бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва шаҳри Панҷакент  гузаронида шуд. Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори  омма иштирок  намуданд. Муовини аввали Раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода  изҳор дошт, ки Панҷакенти бостонӣ шаҳри калони маъмурӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон буда, бо ёдгориҳои беназири  таърихию фарҳангиаш шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

-Ин аст, ки барои дидани  ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангии шаҳри қадима, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, кӯҳҳои Фон, Кӯли Калон, Ҳафткӯл, пойгоҳҳои сайёҳии «Артуч» ва «Марғзор», Оромгоҳи  Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод  Абуабдулло Рӯдакӣ садҳо нафар  ҷаҳонгардон ва сайёҳон ба ин шаҳр меоянд, -илова кард номбурда.

Зикр шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ  дар шаҳр даҳҳо  инфрасохтори хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ сохта ба истифода дода шудааст. Алҳол дар шаҳри Панҷакент 23 ширкати сайёҳӣ,  1 ташкилоти ҷамъиятӣ –Шӯрои туризми Зарафшон, 4 маркази истироҳатӣ,  10 меҳмонхона, 22 хонаҳои меҳмонқабулкунӣ, ки бо  тарҳу хусусиятҳои хоси меъмории суннатӣ бунёд гардидаанд ва бозгӯи таърих ва фарҳанги нотакрору қадимаи   миллатамон аст, фаъолият намуда, ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Инчунин бо  мақсади тарғиби имкониятҳои сайёҳии шаҳр гӯшаҳои иттилоотӣ, китобчаю буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва харитаи сайёҳии шаҳр таҳия ва нашр гардидаанд, ки роҳнамои хубест барои  сайёҳону меҳмонон, ҷиҳати муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеҳои табиати нотакрори ин минтақа. Ҳамзамон дар шафати роҳҳои шаҳр насби лавҳаю навиштаҷоти номҳои ҷуғрофии маҳаллаю деҳот ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ барои сайёҳон ва мусофирон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ  монда шуда, дӯкону растаҳои фурӯши туҳфаю дастовезҳо барои сайёҳон, ки муаррифи фарҳанги миллатамон аст, ташкил гардидаанд.

Дар ҳамоиш сардори бахши сайёҳии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов доир ба масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд, ибрози назар намуд. Мавсуф афзуд, ки дар самти рушди  соҳаи сайёҳӣ дар вилоят 1 фурудгоҳи байналмилалӣ, 62 меҳмонхонаҳои  дараҷаи  гуногун, 29 осоишгоҳ, лагер, маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ фаъолият менамоянд, ки теъдоди  умумии кормандони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ наздик ба ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Абдумаҷид Раҳимов таъкид кард, ки бунёди инфрасохтори зарурӣ,  на танҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ, балки ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолии маҳаллӣ, рушди  ҳунарҳои мардумӣ ва дар маҷмӯъ ба ғанӣ гардидани буҷети давлат ва пешрафти иқтисодиёти кишвар   мусоидат менамояд.

Инчунин корманди масъули  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдукарим Қурбонзода атрофи тадбирҳои андешидаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сухан намуда, гуфт, ки  дар кишвар бо истифода аз имконоту зарфиятҳои сайёҳии кишвар бо мақсади рушди соҳа тадбирҳои муассир меандешад.

-Соли 2018 дар ҷумҳурӣ «Стратегияи  рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2030», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав қабул  гардид, ки дурнамои рушди сайёҳии мамлакатро муайян ва ба танзим медароранд. Инчунин бо мақсади ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон шурӯъ аз соли 2006 дар ҷумҳурӣ низоми раводиди электронӣ ҷорӣ гардида, алҳол Тоҷикистон бо 112 давлати ҷаҳон низоми соддакарашудаи раводид ва бо 12 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводидро ба роҳ мондааст. Шаҳрвандони хориҷие, ки  ҳуқуқи бо тартиби содда  гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро  доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ба мӯҳлати 60 рӯз дода мешавад,- шарҳ дод номбурда.

Дар ҳамоиш инчунин роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, бостоншиносон ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ Саидмурод Бобомуллоев, Фазлиддин Қодиров, Шодмонқул Сангинов доир ба муаррифии объектҳои табиӣ, таъмини бехатарии сайёҳон ҳангоми сафар, сайёҳии зиёратӣ дар муаррифии объектҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ,  имкониятҳои ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ  дар 20 муассисаи олӣ ва миёнаи касбӣ мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тайёр карда мешавад. Таъкид шуд, ки мутахассисони бахши сайёҳӣ, хусусан роҳбаладон  бо дарназардошти  эҳтиёҷоти  минтақаҳои сайёҳӣ омода гарданд. Инчунин иштирокдорони ҳамоиш пешниҳодро дар мавриди ҷорӣ намудани раводиди ягонаи сайёҳӣ дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба манфиат арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин масъулини мақомот ва роҳбарони субъектҳои хизматрасонӣ вобаста ба имкониятҳои мусоиди ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди инфрасохтори соҳаи  сайёҳӣ дар шаҳри Панҷакент, иқтидорҳои табиӣ, экологӣ, аграрӣ ва таърихию фарҳангии шаҳр ҳамчун омили рушди туризми экологию аграрӣ, фарҳангию этнографӣ ва имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки дар шаҳри Панҷакент  асосан навъҳои туризми  кӯҳнавардӣ, экологӣ ва таърихию зиёратӣ рушд намудааст.

Дар доираи баргузории ҳамоиши миллии сайёҳии «Сайёҳии дохилӣ –омили рушди иқтисодӣ» бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва  ширкати логистикии «Asian Express» иштирокчиёни ҳамоиш аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Панҷакент, назири Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, Оромгоҳи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Одамушшуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Осорхонаи шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ боздид намуда, бо таъриху тамаддуни бою рангини Панҷакенти бостонӣ шинос гардиданд.

                                            Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
                                                     Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Июнь 18, 2021 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд