Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Июнь 28, 2021 18:34

ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ҷиҳати анҷом додани сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвари Қирғизистонро Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмии дурӯзаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Июнь 28, 2021 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд