Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов, ки барои иштирок дар Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия дар кишвари мо қарор дорад, мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот масоили вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар самти саноат баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва омӯзиши кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ҳамчунин, масоили вобаста ба таъсиси парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия, ки дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ» бунёд мегардад, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд






