Сафири нави Полша дар Тоҷикистон Радослав Грук ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро қабул кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ иброз намуданд.
Музаффар Ҳусейнзода Радослав Грукро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд






