Шитобед! Хадамоти муҳоҷират бо ҷойи кор таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо ширкати сохтмонии «ПИК-Модул»-и шаҳри Москва номнавис ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳуриро оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати қабул танҳо се рӯз, аз 21 то 23 июни соли равон муайян шудааст. Музди меҳнати кормандон 55 -65 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон чипта ройгон буда, тамоми хароҷот аз ҷониби ширкати сохтмонии «ПИК Модул» пардохт карда мешавад. Рӯзи корӣ аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳирӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст.
Ширкати мазкур барои фаъолияти меҳнатӣ мардони то синни 43 соларо ба кор қабул мекунад.
Хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121, тариқи телефонҳои 937913130, 987689876, 880002001 муроҷиат намоянд.
АКС: аз бойгонии Хадамоти муҳоҷират








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






