Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Туркия, Эрон, Афғонистон, Ёвари Дабири кулли СММ ва Мудири иҷроияи МҲТБО мулоқот намуд

Июнь 21, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар заминаи тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда вазирони корҳои хориҷӣ ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид шуд.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф доир гашт.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.

Инчунин зарурати татбиқи тавофуқоти ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон, ки 7-8 июни 2021 дар Душанбе баргузор гардида буд, таъкид шуд.

 19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот намуд.

Дар суҳбат роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ  байни ду кишвар, вазъи Афғонистон, ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика, зерсохтор ва нақлиёт бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигар табодули назар сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати иштирок дар Форуми дипломатии Анталия инчунин бо Ёвари Дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ Мирослав Енча мулоқот кард.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла ҳамкорӣ  бо СММ, татбиқи барномаҳои СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи об, тағйири иқлим, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ғайра баррасӣ шуд.

19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири иҷроияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва МҲТБО дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июнь 21, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд