Сокинони шаҳри Истаравшан низ аз туҳфаи арзишманди Пешвои миллат бархӯрдор гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони шаҳри Истаравшан низ дастрас гардид.
Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шоҳасари мазкур аз ҷониби комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва рақамгузорӣ карда шуда, ба ҳар як хонавода ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд аз номи Сарвари давлат тақдим гардида истодааст. Айни замон тақсимоти китобҳо дар 10 ҷамоати деҳот ва 22 кумитаи маҳаллаи шаҳр муташаккилона ҷараён дорад.
Раиси шаҳри Истаравшан аз ҷараёни тақсимоти китоби мазкур боздид ба амал оварда, масъулини соҳаҳои мухталифи шаҳрро ҷиҳати расонидани ёрии ҳамаҷониба ба комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сари вақт ба аҳолӣ дастрас намудани туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф намуд.
Сокинони шаҳри Истаравшан туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллатро, ки ҳамчун шиносномаи миллат арзёбӣ мегардад, бо хушнудиву сарфарозӣ пазируфтанд ва миннатдории самимонаи хешро баён намуда, зикр доштанд, ки «ин туҳфаи гаронарзиш, ки инъикосгари таърихии ниёгони тоҷикон аст, баҳри баланд бардоштани хештаншиносӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон ва ҳувияти миллии ҳар шаҳрванди мамлакат заминаи устувор мегузорад».
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони мамлакат тақдим карда мешавад.
АКСҲО: Маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан










Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






