Созишномаи маблағгузории Лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» ба имзо расид

Июнь 29, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ 25 июн дар Душанбе ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Дина Салеҳ ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд.

Тибқи иттилои  манбаъ, маблағи умумии Лоиҳа зиёда аз 1,3 млн доллари амрикоии грантии Федератсияи Россияро, ки тавассути Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад, ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосии Лоиҳа ин беҳтар намудани таъминоти 28 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсулоти ғизоӣ ва беҳтар намудани шароити санитарию гигиенӣ дар мактабҳо мебошад.

Акс аз Вазорати молияи ҶТ

Июнь 29, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд