ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июн, якшанбе, 164-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 13, 2021 08:00

13 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, шаҳри Кўлоб ва нимаи дуюми ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиии шаби 6 ба 7 майи соли 2010  баамаломада аз наздик шинос шуданд.

***

10 сол пеш, 13 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Бундестаги (парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Германия, ки бо роҳбарии  Дагмор Энекелман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Германия дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини роҳбари Барномаи рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷихан Султоноғлу масъалаҳои вақт ва дурнамои  ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфуз баррасӣ гардиданд.

13 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии паҳн намудани маълумот дар бораи албинизм.

***

Дар Қирғизистон — Рӯзи ёдбуд.

 РӮЙДОДҲО:

13 июни соли 1951 Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

***

13 июни соли 2008 Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷиикстон 5 миллион доллар грант ҷудо намуд.

***

11 сол қабл, 13 июни соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоиш-ярмаркаи байналмилалии ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

13 июни соли 2017 дар шаҳри Пекин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Конго баргузор гардид.

***

13 июни соли 1878 дар Берлин Анҷумани асосии давлатҳои аврупоӣ барои азназаргузаронии амалигардии шартномаи сулҳи Сан-Стефанско миёни Туркия ва Россия таъсис дода шудааст.

***

13 июни соли 1958  Чин реактори ҳастаии таҷрибавии худро ба даст овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2007 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯробод) ду дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуданд.

***

Соли 1895 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Франсия мусобиқаи мошинронӣ баргузор гардид.

Июнь 13, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст