Тоҷикистон ва Россия ҳамкориро дар самти иқтисодӣ рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Россия дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Решетников дар Душанбе баррасӣ гардид.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон инчунин масоили марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иктисодии Тоҷикистону Россияро муҳокима намуданд.
Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки 8 майи соли 2021 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардида буд ва дар ин мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда буданд, ки Федератсияи Россия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо баҳри таъмини афзоиши гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла мубодилаи рӯйхати молҳои таҳвили тарафайн, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия, таҳия ва таҳкими хамкории байниминтақавӣ дар доираи созишномаҳои баимзорасида, чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ду кишвар дар соҳаи рушди савдои рақамиро матраҳ намуданд.
Инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар таҳияи пешгӯиҳои баландсифат, такмил додани механизмҳои мавҷудаи моделсозӣ ва истифодаи моделҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Завқӣ Звақизода ва Максим Решетников қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






