«Тоҷнома» — суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва иштироки олимону муҳаққиқон, кормандони Китобхонаи миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Тоҷнома» — суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур бори аввал аст, ки дар Китобхонаи миллӣ ҳамчун нишасти илмӣ ва назарявӣ бо фарогирии мавзӯъҳои муҳим, огоҳӣ аз таърих ва арҷгузорӣ ба меросӣ гаробаҳои халқи тамаддунофари тоҷик баргузор мегардад.
-Итминон дорем, ки он ба раванди рушди субботи худшиносӣ, ваҳдати миллӣ мо ҳамчун заминаи муттамаду мустанади илмию фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард,-илова кард номбурда.
Ҷумахон Файзализода ҳамчунин иброз намуд, ки «силсилакитоби «Тоҷнома» бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва чоп мегардад. То имрӯз 14 ҷилди китоби мазкур нашр гардидааст, ки ҳадаф аз чопи силсилакитоби мазкур эҳё, густариш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанон, бахусус наврасону ҷавонон мебошад. Имрӯз замонест, ки мо, тоҷикон бо ҳидоят ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат бояд беш аз пеш дар андешаи тарғибу таблиғи муассири ватандориву давлатсозӣ бошем ва дар заминаи хештаншиносӣ пойдовери давлати худро боз ҳам мустаҳкам созем. Хушбахтона имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорем, ки осори бостони тамаддуни ориёӣ, ки моли гузаштагони номварӣ мо мебошад, таҳия, тарҷума ва нашр намоем».
Дар ҳамоиш мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филология, профессор Масрур Абдулозода иброз дошт, ки соли 8-ум аст ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба таҳия, тадвин ва чопи асарҳои гузаштагони миллати кӯҳантабори тоҷик силсилакитоберо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷнома» ва «Тоҷикон дар масири тамаддун» ба нашр мерасонад, ки яке аз дастовардҳои муҳими фарҳангӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ мегардад. Мавсуф илова намуд, ки дар радифи дигар комёбиҳо дастовардҳои фарҳангӣ низ бо баракати Истиқлоли давлатӣ ба зуҳур омадааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар мавзӯи «Силсилаи «Тоҷнома» дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон» маърӯза намуда, зикр кард, ки «агар мо хоҳем, ки ояндаи ин миллату сарзаминро боз ҳам рушд диҳему ба дастовардҳои зиёде ноил гардем, бояд ҷавононро бо таърихи гузаштаи худ ошно созем, то ин қишри ҷомеа давлатро ҳамеша нигаҳбон бошанд. Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир ҷавононро ояндаи миллат арзёбӣ намудаанд».
Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ — назаривӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзӯъҳои гуногун маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






