«Тоҷнома» — суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид

Июнь 22, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 22.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва иштироки олимону муҳаққиқон, кормандони Китобхонаи миллӣ  ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Тоҷнома» — суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур бори аввал аст, ки дар Китобхонаи миллӣ ҳамчун нишасти илмӣ ва  назарявӣ бо фарогирии мавзӯъҳои муҳим, огоҳӣ аз таърих ва арҷгузорӣ ба меросӣ гаробаҳои  халқи тамаддунофари тоҷик баргузор мегардад.

-Итминон дорем, ки он ба раванди рушди субботи худшиносӣ, ваҳдати миллӣ мо ҳамчун заминаи муттамаду мустанади илмию фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард,-илова кард номбурда.

Ҷумахон Файзализода ҳамчунин иброз намуд, ки «силсилакитоби «Тоҷнома» бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва чоп мегардад. То имрӯз 14 ҷилди китоби мазкур нашр гардидааст, ки ҳадаф аз чопи силсилакитоби  мазкур эҳё, густариш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанон,  бахусус наврасону ҷавонон мебошад. Имрӯз замонест, ки мо, тоҷикон бо ҳидоят ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  алалхусус Пешвои миллат бояд беш аз пеш дар андешаи тарғибу таблиғи  муассири  ватандориву давлатсозӣ бошем ва дар заминаи хештаншиносӣ пойдовери давлати худро боз ҳам мустаҳкам созем. Хушбахтона имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорем, ки осори бостони тамаддуни ориёӣ, ки моли гузаштагони номварӣ мо мебошад, таҳия, тарҷума ва нашр намоем».

Дар ҳамоиш мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филология, профессор Масрур Абдулозода иброз дошт, ки соли 8-ум аст ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба таҳия, тадвин ва чопи асарҳои гузаштагони миллати кӯҳантабори тоҷик силсилакитоберо бо дастгирии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷнома» ва «Тоҷикон дар масири тамаддун» ба  нашр  мерасонад, ки яке аз дастовардҳои муҳими фарҳангӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ мегардад. Мавсуф илова намуд, ки дар радифи дигар комёбиҳо  дастовардҳои фарҳангӣ низ бо баракати Истиқлоли давлатӣ ба зуҳур омадааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар мавзӯи «Силсилаи «Тоҷнома» дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон»  маърӯза намуда, зикр кард, ки  «агар мо хоҳем, ки ояндаи ин миллату сарзаминро боз ҳам рушд диҳему ба дастовардҳои зиёде ноил гардем, бояд ҷавононро бо таърихи гузаштаи худ ошно созем, то ин қишри ҷомеа давлатро ҳамеша нигаҳбон бошанд. Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир  ҷавононро ояндаи миллат арзёбӣ намудаанд».

Дар ҷараёни  ҳамоиши илмӣ — назаривӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзӯъҳои гуногун маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид