Туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»-ро сокинони ноҳияи Балҷувон низ дастрас намуданд

Июнь 11, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 июни соли равон  туҳфаи Пешвои миллат -китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи  ноҳияи Балҷувон низ ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд тақдим гардид.Ин туҳфаи бебаҳои  Пешвои миллатро сокинони ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат бесаброна интизорӣ мекашиданд ва аз  дастрас намудани он изҳори хушҳолӣ менамуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин туҳфаи қиматбаҳои  Пешвои миллат дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила  тақдим гардида, сокинон онро ҳамчун  туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу  хирад ва манбаи беназири худшиносӣ баҳри наслҳои имрӯзу фардо  қабул намуданд.

Чуноне яке аз сокинони ин ноҳия Аҷикулло Ёқубов ёдоварӣ намуд, «дар айёми таҳсил  дар Донишгоҳи давлатии Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба номи Носири Хусрав барои омода намудани дарсҳои амалӣ ва семинарӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик»  дар дастрасиии китоби «Тоҷикон» душворӣ мекашидем».

-Танҳо яке аз ҳамсабақамон ин китобро дошту халос ва  мо, донишҷӯён онро  бо навбат гирифта, истифода мебурдем. Имрӯз бисёр хушҳолам, ки соҳиби туҳфаи беназири  Пешвои миллат мегардам. Зеро китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯза ҳикоят мекунад. Таърихи худро надониста, ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд, -гуфт дар идома суҳбат номбурда.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»–и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп гардида,  то ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатӣ аз номи Сарвари давлат  ба ҳар оилаи мамлакат  тақдим карда мешавад.

Июнь 11, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид