Ваҳдати миллӣ — омили сарҷамъӣ, сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон-бардошт аз ҳамоиш дар Академияи идоракунии давлатӣ
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — заминаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоишро декани факултети дипломатия ва сиёсати Академия Далер Қодирзода ифтитоҳ намуда, доир ба нақш ва аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таъмини рушди устувори мамлакат ибрози назар кард.
Мавсуф ваҳдати миллиро волотарин арзиши миллати тоҷик арзёбӣ намуда, зикр кард, ки маҳз ваҳдат омили сарҷамъӣ ва шодиву нишоти мардум ва шукуфоии диёр аст.
Дар маърӯзаи Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам мафҳуми ваҳдати миллӣ чун ибораҳои ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот ва меҳру садоқат ба миллату сарзамин баён гардид. Шоира ваҳдати миллиро беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии миллат арзёбӣ намуда, иштирокдоронро ба таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ даъват намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Муртазозода бо маърӯзаи пурмӯҳтаво таҳти унвони «Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади аввалини Ваҳдати миллӣ» баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад».
Равшан Раҷабзода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси рушди қонунгузории мамлакат» ва муҳаққиқу сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи «Таҳаввули мафҳумӣ ва арзёбии вазъияти имрӯзаи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, мафҳуми ваҳдати миллиро аз нигоҳи илмӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва ҳам сиёсӣ шарҳ доданд.
Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби устодони кафедраҳои факултет дар мавзӯъҳои «Ваҳдати миллӣ-бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди замони соҳибихтиёрӣ», «Нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мукаммалгардонии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Саҳми Пешвои миллат дар барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ», «Равандҳои сиёсии Ваҳдати миллӣ», «Нақши кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар дастёбии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ», «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон», «Сулҳ ва Ваҳдати тоҷикон» суханронӣ карданд.
Дар қисмати музокираҳо андешаҳои судманд изҳор гардида, иштирокдорон вобаста ба таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ пешниҳодҳои муфид намуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ








Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид






