Вакилони Маҷлиси намояндагон бо вакилони парлумони Эрон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо вакилони парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Туғёнӣ ва Кайвон Муродиён, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, мулоқот намуданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибати ду кишвари дӯст баррасӣ шуд. Бештар ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг мароқ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштарак дар масъалаи омӯзиши таъриху фарҳанг, забону адабиёти муштараки мардумони порситабор ба хусус, дар матни дастнависҳои маҳфузмонда хидмати мондагоре дар бахши эроншиносӣ хоҳад буд. Ҳамчунин ҳамкории муштарак дар бахши омода намудани олимон ва мутахассисони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ дар ҳамкориҳои оянда мувофиқи мақсад дониста шуд. Илова бар ин зикр гардид, ки омӯзиши фарҳанги Яғноб, Язғулом ва дар маҷмӯъ забонҳои помирӣ ҳамчун гуишҳои забони порсии қадими шарқӣ ва зарурати омӯзиши ҳамин бахшҳо таваҷҷуҳи олимони соҳа ҷалб карда шуд.
Масъалаи омӯзиши муштараки дастнависҳои шарқӣ бахусус давраи баъд аз қарни 15 милодӣ то ибтидои асри 20 ҳанӯз мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст, ки таваҷҷуҳи олимони соҳаро ба ин раванд ҷалб кардан лозим меояд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин таъкид намуданд, ки Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари дӯсту бародар буда, дар оянда ҳам дар масири тавсеа ва таъмиқи дӯстиҳо ва бародариҳо ҳаракат хоҳанд кард.
АКС аз Маҷлиси намояндагон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






