Вакилони Маҷлиси намояндагон бо вакилони парлумони Эрон мулоқот намуданд

Июнь 8, 2021 15:17

ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  Саидмурод Фаттоҳзода ва Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо вакилони парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Туғёнӣ ва Кайвон Муродиён, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, мулоқот намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибати ду кишвари дӯст баррасӣ шуд. Бештар ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг мароқ  зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштарак дар масъалаи омӯзиши таъриху фарҳанг, забону адабиёти муштараки мардумони порситабор ба хусус, дар матни дастнависҳои маҳфузмонда хидмати мондагоре дар бахши эроншиносӣ хоҳад буд. Ҳамчунин ҳамкории муштарак дар бахши омода  намудани олимон ва мутахассисони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ  дар ҳамкориҳои оянда мувофиқи мақсад дониста шуд. Илова бар ин зикр гардид, ки омӯзиши фарҳанги Яғноб, Язғулом ва дар маҷмӯъ забонҳои помирӣ ҳамчун гуишҳои забони порсии қадими шарқӣ ва зарурати омӯзиши ҳамин бахшҳо таваҷҷуҳи олимони соҳа ҷалб карда шуд.

Масъалаи омӯзиши муштараки дастнависҳои шарқӣ бахусус давраи баъд аз қарни 15 милодӣ то ибтидои асри 20 ҳанӯз мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст, ки таваҷҷуҳи олимони соҳаро ба ин раванд ҷалб кардан лозим меояд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин таъкид намуданд, ки Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари дӯсту бародар буда, дар оянда ҳам дар масири тавсеа ва таъмиқи дӯстиҳо ва бародариҳо ҳаракат хоҳанд кард.

АКС аз Маҷлиси намояндагон

Июнь 8, 2021 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид