Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ мулоқот намуд

Июнь 23, 2021 08:14

ДУШАНБЕ, 23.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ёвари маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ хонум Миряна Сполярич Эггерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо ва дурнамои рушди баъдии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро баррасӣ намуда, муносиботи  созанда дар бисёр соҳаҳои рушд, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ ва пойдории экологиро баланд арзёбӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин таваҷҷуҳро ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла аҳамияти баррасии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, тақвияти  ҳамкорӣ дар чорчӯби Раванди оби Душанбе ҷалб кард.

Дар навбати худ хонум Эггер барои густариши ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июнь 23, 2021 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид