Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронси ҳамкории минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» таҳти унвони «Мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки барқарорсозии иқтисодӣ пас аз ҳамагирии Ковид-19, ташвиқи тиҷорати хурду миёна ва татбиқи чораҳои зиддиэпидемикӣ захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунанд.
Дар ин робита, зарурати ҷалби сармоя барои барқарорсозии устувори иқтисодӣ, дастгирии тиҷорат, таъмини ҳамлу нақли бемамониати молҳои муҳим, ба хусус хӯрокворӣ ва доруворӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист таъкид шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси мазкур дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ манфиатдор мебошад. Ҳамзамон Тоҷикистон омода аст барои фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ шароити мусоид фароҳам орад.
Гузашта аз ин, Вазир илова кард, ки имкониятҳои бузурги ҳамкории кишварҳои ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» дар соҳаи энергетикаи сабз мавҷуданд. Гидроэнергетика ҳамчун яке аз унсурҳои самарабахши энергияи сабз метавонад барномаи авлавиятноки рушди устувор гардад. Мавҷудияти захираҳои фаровони оби Тоҷикистон имкони беназири рушди минтақаро ҳам дар соҳаи энергетика ва ҳам дар соҳаи кишоварзӣ фароҳам меорад.
Дар фарҷоми Конфронси мазкур ду санади ниҳоӣ дар бораи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ қабул гардид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард






