Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 235 адад аломатҳои «Гардиши хатарнок» дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз дастрас гардидани 235 адад аломатҳои 1.11.1 ва 1.11.2- «Гардиши хатарнок» хабар медиҳад. Аломатҳои гардиши хатарнок бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилаллии «Хазинаи бехатарии роҳ» ва «Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор» дар асосии шартномаи басташуда ба Вазорати нақлиёт дастрас гардидааст.
Тавре аз Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 235 адад аломати дастрасгардида дар асоси супориши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳои кӯҳии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – ағбаи Кулма ба Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, назири Кӯлоб, Ваҳдат, Данғара, Восеъ, Ш.Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, рӯшон, Шуғнон, Мурғоб ва минтақаҳои Яхчипун ва Ғунд дастрас карда шуда, дар ҷойҳои зарурӣ насб карда мешаванд.
Акси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






