Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Москва муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як соҳаи муҳими иқтисод тадриҷан рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад, ки ин мояи шинохти бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Ин матлабро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, дар ҳамоише, ки дар Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади муаррифии иқтидор ва зарфиятҳои сайёҳӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар доир гардид, баён дошт.
Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатии Россия, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, ширкатҳои фаъоли сайёҳии Тоҷикистону Россия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Тавре Имомуддин Сатторов гуфт, баҳри таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ Ҳукумати кишвар дар марҳилаи аввал як зумра имтиёзҳоро муқаррар кард, ки заминаи иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард, инчунин инфрасохтори зарурии сайёҳиро барои рушди минтақаҳои сайёҳӣ омода намуд.
Дар ҳамоиш имконияту зарфиятҳо ва навъҳои гуногуни сайёҳии байналмилалӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Инчунин ба меҳмонон оид ба иқтидори сармоягузории Тоҷикистон маълумоти муффасал пешниҳод гардид. Иштирокдорони ҳамоиш имкони хуби шиносоӣ бо осори таърихию фарҳангӣ ва омилҳои рушди муосири кишвари Тоҷикистон, аз ҷумла зарфиятҳои сайёҳӣ ва сармоягузориро пайдо карданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассалро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш бо мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот, миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аксҳо аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






