Завқӣ Завқизода бо ҳамтоёнаш аз ИДМ таҳкими ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Минск доир гардид, музокироти дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди Россия М.Решетников, вазирони индустрия ва рушди инфрасохтор, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Б.Атамқулов ва С.Шапкенов, муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Л.Қудратов ва муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Беларус А. Лобович баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар доираи музокирот ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои тиҷорату иқтисод, пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллии кишварҳо, инноватсия, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди гардиши савдои хориҷӣ табодули назар намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти бештари корҳо дар самтҳои номбаршуда ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда омодагии худро баён карданд.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






