Имрӯз Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 12, 2021 08:43

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми  соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа соати 09:00 дар Маркази тиҷоратии «Созидание», ошёнаи 2 баргузор мешавад.

Вазорати адлия соати 11:00 дар Вазорати адлия ва Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 13:30 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нишасти матбуотиро доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 15:00 дар вазорати мазкур барпо мегардад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Июль 12, 2021 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид