13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мегардад

Июль 3, 2021 09:35

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Дар робита ба ин Вазорат аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур худро то соати 16:00-и 7 июл дар Раёсати иттилоот ва матбуот сабти ном кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ) масъалаҳои фаъолияти кунунии Созмон, аз ҷумла омодагии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳоро (ШСД) баррасӣ ва ҳал мекунад, барои иҷрои қарорҳои Созмон ва баргузории машваратҳо дар доираи СҲШ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ чораҳо меандешад. Раёсатро дар Шӯро вазири корҳои хориҷии давлати узв, ки дар он ҷаласаи навбатии ШСД баргузор мегардад, бар дӯш мегирад. Тибқи Низомнома дар бораи тартиби кори Шӯро, Раиси ШВКХ зимни анҷом додани тамосҳои беруна Созмонро намояндагӣ мекунад.

 

ДАР АКС: Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар ҷаласаи Шӯро, 9-10 сентябри соли 2020, шаҳри Москваи ФР. Акс аз бойгонӣ 

Июль 3, 2021 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд