Душанбе мизбони Форуми сайёҳии СҲШ гардидааст

Июль 16, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе  дар доираи вохӯрии маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Форуми сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Тибқи иттилои  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  Форум  роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ  тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи баргузории Форум густариши фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19 ва мубодилаи афкор байни мутахассисон ва коршиносон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Зикр шуд, ки  татбиқи «Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022–2023» вазъи иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ-ро беҳтар намуда, барои ҷалби сайёҳон, ҷойҳои нави корӣ, муарифии маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷараёни Форуми сайёҳии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай  байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон табодули афкор  сурат гирифт.

Июль 16, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид