ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор пули мошингузар, маркази омӯзиши забонҳо ва дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

Июль 5, 2021 11:24

ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад. Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар деҳаҳои Ҳуҷум ва Себистони Ҷамоати деҳоти Навобод мағозаи хӯрокворӣ ва гармхона барои парвариши лимон ва сабзавоти барвақтӣ дар майдони 0,8 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин дар деҳаи Ғайратобод анбори орд бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот, нонвойхона, нуқтаи хӯрокҳои тезтайёр ва маркази омӯзиши забонҳо барои таълими забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ, олмонӣ, франсузӣ ва хитоӣ,  дар деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон мағозаи хӯрокворӣ, сартарошхона ва дӯкони  равғанкашӣ, дар деҳаи Даҳбед нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва пули мошингузар дар деҳаи Равшандилони ҷамоати  деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода  ба истифода дода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки иншооти ҷашнӣ дар маросими ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, пирони рӯзгордида аз хизматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан  дар таъмину таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдати комил, иқдомҳои созанда дар рушди мамлакат, саҳми мустақим дар ҳалли масъалаҳои глобалии сиёсиву экологии ҷаҳон ва бо ҳамин васила афзудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар маҷмӯъ беш аз 700 иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки теъдоди зиёди он аллакай мавриди барҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

 

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Ҳисор

Июль 5, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд