ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода мешавад. Коллеҷи мазкур соли 2009 бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, сохтмони бинои он соли 2011 оғоз ёфт. Коллеҷ дорои 34 синфхонаи таълимӣ, 11 устохона, лабараторияҳои ҳунарӣ, китобхона, толори варзишӣ, хобгоҳ, намоишгоҳ буда, дар он толибилмон ҳунарҳои гуногуни мардумиро азхуд менамоянд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ шинос гардид ва ба масъулин барои пурра ба итмом расонидани корҳо супоришҳо дода, таъкид кард, ки нақши Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ барои тарбияи устоҳои чирадаст ва ҳунармандон хеле назаррас аст.
Фармоишгари корҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, паймонкор ПМК “Ӯротеппа” мебошад. Аз тарафи фармоишгар айни ҳол 5 миллиону 341 ҳазор сомонӣ барои сохтмон сарф шудааст. Бинои асосӣ ва бинои таълимӣ 90 дарсад омода буда, дар он дар як баст 340 нафар ба таълим фаро гирифта мешаванд.
АКСҲО : Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд










Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






