ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода мешавад

Июль 3, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода мешавад. Коллеҷи мазкур  соли 2009 бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, сохтмони бинои он соли 2011 оғоз ёфт. Коллеҷ дорои 34 синфхонаи таълимӣ, 11 устохона, лабараторияҳои ҳунарӣ, китобхона, толори варзишӣ, хобгоҳ, намоишгоҳ буда, дар он толибилмон ҳунарҳои гуногуни мардумиро азхуд менамоянд.

Тавре  аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни  корҳои сохтмонӣ дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ  шинос гардид ва ба масъулин барои пурра ба итмом расонидани корҳо супоришҳо дода, таъкид кард, ки нақши Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ барои тарбияи устоҳои чирадаст ва ҳунармандон хеле назаррас аст.

Фармоишгари корҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, паймонкор ПМК “Ӯротеппа” мебошад. Аз тарафи фармоишгар айни ҳол 5 миллиону 341 ҳазор сомонӣ барои сохтмон сарф шудааст. Бинои асосӣ ва бинои таълимӣ 90 дарсад омода буда, дар он дар як баст 340 нафар ба таълим фаро гирифта мешаванд.

АКСҲО : Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Июль 3, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад