ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Рӯзҳои наздик сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Сангвор ба анҷом мерасад

Июль 15, 2021 10:56

САНГВОР, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи  Сангвор корҳои сохтмони бинои дуошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, бинои ҲХДТ, варзишгоҳи замонавӣ дар  назди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳия ва ҳавзи моҳипарварӣ дар  Ҷамоати деҳоти Тавилдара бо масоҳати зиёда аз як гектар муташаккилона идома дошта, дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни таърихӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Тибқи иттилои сармеъмори ноҳияи Сангвор Талбӣ Назаров, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 107 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори  сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. 30 фоизи иншооти ҷашнӣ бо лоиҳаҳои ройгони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмин шудаанд, ки онҳоро бештар барои сохтмони иншооти соҳаҳои сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг пешбинӣ намудаанд. Хушбахтона, то имрӯз 74 адад иншоот  мавриди  истифода қарор дода шуда,  дар  33 иншооти дигар  корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Директори Корхонаи давлатии фаръии молумулки ғайриманқули ноҳия Умед Кабутов  гуфт, ки мутахассисони  идораи заминсозии ноҳия аз 107 иншооти нақшавӣ 96 адад  заминҳои зери иншооти мазкурро асоснок намуда, сари вақт онҳоро бо шаҳодатномаҳои истифодаи замин  таъмин намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Темур Қурбонзода зикр намуд, ки «дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба самъи мардуми ноҳия расонида мешаванд ва имрӯз барои ҳар фарди баномуси ҷумҳурӣ чун барномаи амал гардидаанд. Дар ноҳияи мо низ корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо ривоҷи бештар пайдо намудаанд. Дар доираи ин ҷашни миллӣ сокинони ноҳияи Сангвор созандагиро аз хонаи худ оғоз намуда, дар ободонии  деҳаю маҳалла ва дар маҷмӯъ мамлакатамон бо талошу пайкори ватандӯстона саҳми арзанда мегузоранд».

 

 Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд