ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Рӯзҳои наздик сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Сангвор ба анҷом мерасад
САНГВОР, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Сангвор корҳои сохтмони бинои дуошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, бинои ҲХДТ, варзишгоҳи замонавӣ дар назди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳия ва ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара бо масоҳати зиёда аз як гектар муташаккилона идома дошта, дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни таърихӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Тибқи иттилои сармеъмори ноҳияи Сангвор Талбӣ Назаров, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 107 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. 30 фоизи иншооти ҷашнӣ бо лоиҳаҳои ройгони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шудаанд, ки онҳоро бештар барои сохтмони иншооти соҳаҳои сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг пешбинӣ намудаанд. Хушбахтона, то имрӯз 74 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 33 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Директори Корхонаи давлатии фаръии молумулки ғайриманқули ноҳия Умед Кабутов гуфт, ки мутахассисони идораи заминсозии ноҳия аз 107 иншооти нақшавӣ 96 адад заминҳои зери иншооти мазкурро асоснок намуда, сари вақт онҳоро бо шаҳодатномаҳои истифодаи замин таъмин намуданд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Темур Қурбонзода зикр намуд, ки «дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба самъи мардуми ноҳия расонида мешаванд ва имрӯз барои ҳар фарди баномуси ҷумҳурӣ чун барномаи амал гардидаанд. Дар ноҳияи мо низ корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо ривоҷи бештар пайдо намудаанд. Дар доираи ин ҷашни миллӣ сокинони ноҳияи Сангвор созандагиро аз хонаи худ оғоз намуда, дар ободонии деҳаю маҳалла ва дар маҷмӯъ мамлакатамон бо талошу пайкори ватандӯстона саҳми арзанда мегузоранд».
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»











35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Элоки Файзобод барои 2400 хонанда мактаби нав сохта мешавад
Дар шаҳри Бохтар бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология бунёд карда мешавад
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза мегирад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд






