ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Тӯли шаш моҳ дар мамлакат 72 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 72 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 51 майдончаи варзишӣ, 17 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 2 маҷмааи варзишии маркази солимгардонӣ ба истифода дода шуданд. Иншооти варзишии мазкур бо маблағи зиёда аз 25 миллиону 239 ҳазор сомонӣ бунёд шудаанд, ки аз ин 1 миллиону 76 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 24 миллиону 163 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, Кумита кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд, дар доираи ваколатҳои худ якчанд тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст.
“Дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозишуда Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бо мақсади баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ 11 ҳазору 110 чорабиниро бо фарогирии наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа доир намуд”,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






