ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Тӯли шаш моҳ дар мамлакат 72 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд

Июль 29, 2021 08:14

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  шашмоҳаи  якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 72 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 51 майдончаи варзишӣ, 17 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 2 маҷмааи варзишии маркази солимгардонӣ ба истифода дода шуданд. Иншооти варзишии  мазкур  бо маблағи зиёда аз 25 миллиону 239 ҳазор сомонӣ бунёд шудаанд, ки аз ин 1 миллиону 76 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 24 миллиону 163 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, Кумита кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд, дар доираи ваколатҳои худ якчанд тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст.

“Дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозишуда Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бо мақсади баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ 11 ҳазору 110 чорабиниро бо фарогирии наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа доир намуд”,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Июль 29, 2021 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд