ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳияи Ашт 400 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бунёду навсозии беш аз 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои ободониву бунёдкорӣ идома доранд.
Раиси вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба ноҳияи Ашт сафар карда, сохтмони якчанд иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар Ҷамоати деҳоти Понғоз бо сохтмони бинои нави беморхонаи рақами 5 шинос гардид. Бинои мазкур бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоати деҳот ва соҳибкорону саховатмандон сохта шуда, тибқи нақша дорои 80 кат мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда, ҷойҳои иловагии корӣ таъсис дода мешаванд.
Раиси вилоят бо ҷараёни корҳо дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и шаҳраки Шайдон шинос гардида, барои дар сатҳи баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.
Бинои нави таълимӣ барои 360 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Парвина» мебошанд.
-Маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола садҳо иншооти соҳа бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад, — таъкид кард Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сохтмони кӯдакистон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон.
Зимни боздид аз кӯдакистони шаҳраки Шайдон иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистони мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева бунёд гардида, дар он 100 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми соҳибкорзан дар ободии маҳал ва фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот хуш истиқбол карда, ташкили кӯдакистонро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






