Афсонаи тоҷикии «Дона» ба маҷмӯаи «Афсонаҳои кӯдаконаи кишварҳои мухталиф» ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмондиҳандагони «Экспо-2020» дар Дубай маҷмӯаи афсонаҳои кӯдаконаи кишварҳои мухталифро дар шакли PDF нашр кардаанд, ки дар он афсонаи тоҷикии «Дона» ворид карда шудааст. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Афсонаи «Дона»-ро бо забони англисӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаи табъу нашри «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардааст.
Матни афсонаро мутахассисони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардаанд. Рассомон Далер Меҳтоҷев ва Сайёра Имодинова мебошанд.
Афсона дар бораи аҳамияти ҳифзи муҳити зист, нақши об барои ҳаёт дар рӯи Замин нақл мекунад.
Маҷмӯаи «Афсонаҳои кӯдаконаи кишварҳои мухталиф» дар сомонаи Expo School ва Apple Books дастрас аст.
Афсонаҳои дар маҷмӯа пешниҳодшуда гуногунии аҷиби фарҳангҳои сайёраи моро нишон медиҳанд.
Бештари ривоёте, ки кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод кардаанд, дар тӯли чандин асрҳо бозгӯ карда мешаванд. Ривоятҳои интихобшуда кӯдакони 5-12-соларо бо хусусиятҳои мароқангез ва шабоҳати аҷиби арзишҳои халқҳои гуногун шинос мекунанд, доираи ҷаҳонбинии онҳоро васеъ ва ба онҳо барои пурратар ба қадри фарҳанги худ расидан кумак мерасонанд.
АКСҲО аз сомонаи EXPO 2020 Dubai









Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






