ТАНҲО САДОСТ, КИ ҶОВИДОН МЕМОНАД. Дар Душанбе китоби «Ҳамсози дарё» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот китоби «Ҳамсози дарё», ки дар он мақолаҳо ва хотираҳои дӯстону ҳамкорон сароянда, номзади илмҳои таърих Абӯбакр Зубайдӣ гирд оварда шудааст, рӯнамоӣ гардид.
Нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Шаҳобиддини Ҳақназар китоби «Ҳамсози дарё»-ро муаррифӣ намуда, зикр кард, ки дар ин китоб маҷмӯи мақолаву нигоштаҳои дӯстону ҳамкасбон ва шогирдони марҳум Абӯбакр Зубайдӣ гирд оварда шудаанд. Аксари маводҳои китоб хусусияти ёддоштӣ дошта, дар онҳо муаллифон доир ба паҳлуҳои фаъолияти овозхонӣ, омӯзгорӣ, илмӣ ва хислатҳои инсонии шодравон А. Зубайдӣ андешаҳои хешро ба қалам додаанд. Аз ин олими номвар чандин китоб ва даҳҳо мақолаҳои илмию маърифатӣ ба мерос мондаанд ва муҳим аз ҳама, садои ӯ ҷовидона дар замири мухлисонаш нақш хоҳад монд.
Дар ин маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосият Ортиқова (Хосияти Зарафшонӣ), муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода, олимону дӯстон — Шамсиддин Солеҳ, Шарифмурод Исрофилниё, Салими Зарафшонфар ва дигарон доир ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолияти А. Зубайдӣ ибрози андеша намуданд.
Инчунин, дар ин маҳфил филми мустанаде аз кору фаъолияти илмӣ ва ҳунарии Абӯбакр Зубайдӣ ба тамошо гузошта шуда, дар охир ба иштирокдорон китоби «Ҳамсози дарё» ва фиттаи сурудҳои марҳум Абӯбакр Зубайдӣ тақдим карда шуданд.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Абӯбакр Зубайдӣ (Абӯбакр Зубайдов) 1 июли 1958 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Ӯ сароянда, мутриб-таронасаро, номзади илмҳои таърих (2005), барандаи ҷоизаи фестивал-конкурси телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-96» ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) мебошад.
Абӯбакр Зубайдӣ баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1975 таҳсилро дар шӯъбаи суруд ва мусиқии факултаи корҳои маданию фароғатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода идома дода, онро соли 1979 бо дипломи имтиёзнок хатм намудааст. Дар Донишкадаи зикршуда ба сифати омӯзгор, мудири кафедраи созҳои мусиқӣ, мудири кафедраи «Тарбияи мусиқӣ», мудири кафедраи созҳои мусиқӣ, декани факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ фаъолият намуда, зимни ин дар тарғибу иҷрои осори мусиқии мардумӣ, махсусан мақомӣ корҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Номбурда дар мавзӯи: «Таърихи фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон дар солҳои 30-80-уми асри XX» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Абӯбакр Зубайдӣ шоха, гӯшаҳои мусиқии устодона «Кӯчабоғи ду», «Талқини Бухоро», «Қашқарчаи талқини Бухоро», «Уфари Талқини Бухоро» ва сурудҳои зиёдро бо сабки хос иҷро намуда, дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабт намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои таҳқиқӣ оид ба анъаноти эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик аст.
Ӯ то даргузаш (15 майи соли 2020) муовиини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд.









Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд






