Аз 23 июл басти сеюми истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 июли соли равон дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчуруди»-и ноҳияи Шоҳмансур басти сеюми истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт оғоз гардид, ки он то 3 августи соли равон идома меёбад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, дар басти сеюми истироҳати тобистонаи 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ва дар 36 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 1600 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки давоми соли хониш бачаҳо бесаброна таътили тобистонаро мунтазир мешаванд ва ҳар волидайн пешакӣ бояд барои босамар ва шавқовар гузаронидани ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намоянд. Онҳо нагузоранд, ки хонандагон вақти худро давоми се моҳ пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошад. Чун тамоми сол ӯ ба реҷаи қатъии рӯз одат кардааст. Агар дар давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн дур бошанд, мустақил буданро меомӯзанд.
Инчунин хонадагонро набояд куллан аз таълим ва омӯзиш дур кард. Хондани китобҳои гуногун завқи бадеии наврасонро боло мебарад. Дар ду маврид бояд наврас куллан соҳибихтиёр бошад: хӯрдан ва хобидан. Ҳангоми дарс бачаҳо рӯзҳои якранг доранд ва бояд муддати муайян (7-8 соат вобаста ба син) хоб раванд ва саривақт тановул кунанд. Аммо дар давраи таътил бояд ҳар қадар мехоҳад (шояд камтар аз меъёр ё зиёд аз он) хоб равад ва ҳар қадар, ки мехоҳад ғизо гирад. Чун баъзеҳо дар давраи таътил серҳаракат ва баъзеҳо камҳаракат мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 августи соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулятҳо барои хонандагони синфи якум оғоз мегардад.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






