Аз 23 июл басти сеюми истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт оғоз гардид

Июль 24, 2021 10:09

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 23 июли соли равон дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчуруди»-и ноҳияи Шоҳмансур басти сеюми истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт оғоз гардид, ки он то 3 августи соли равон идома меёбад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт,  дар басти сеюми истироҳати тобистонаи 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ва дар 36 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 1600 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки давоми соли хониш бачаҳо бесаброна таътили тобистонаро  мунтазир мешаванд ва ҳар волидайн пешакӣ бояд барои босамар ва шавқовар гузаронидани   ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намоянд. Онҳо нагузоранд, ки хонандагон вақти худро  давоми се моҳ пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошад. Чун тамоми сол ӯ ба реҷаи қатъии рӯз одат кардааст. Агар дар давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн дур бошанд, мустақил буданро меомӯзанд.

Инчунин хонадагонро набояд куллан аз таълим ва омӯзиш дур кард. Хондани китобҳои гуногун завқи бадеии наврасонро боло мебарад. Дар ду маврид бояд наврас куллан соҳибихтиёр бошад: хӯрдан ва хобидан. Ҳангоми дарс бачаҳо рӯзҳои якранг доранд ва бояд муддати муайян (7-8 соат вобаста ба син) хоб раванд ва саривақт тановул кунанд. Аммо дар давраи таътил бояд ҳар қадар мехоҳад (шояд камтар аз меъёр ё зиёд аз он) хоб равад ва ҳар қадар, ки мехоҳад ғизо гирад. Чун баъзеҳо дар давраи таътил серҳаракат ва баъзеҳо камҳаракат мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 августи соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулятҳо барои хонандагони синфи якум оғоз мегардад.

Июль 24, 2021 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад