Аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» чун кумаки башардӯстона дастрас шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси ҳамкории дуҷониба аз тарафи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» ҳамчун кумаки башардӯстона дастрас гардид.
Дар маросими таҳвил ва қабули вояҳои ваксинаи мазкур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сардори Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷаъфаров, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода, мушовири Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вугар Ибрагимов, Консули Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмаддин Рзаев иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тақдими вояҳои ваксинаи мазкур аз ҷониби кишвари Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ба шумор рафта, ин ташаббус аз равобити неки ду давлати дӯсту бародар гувоҳӣ медиҳад.
Бояд гуфт, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақша ба аҳолии мамлакат гузаронида мешаванд.








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






