Ба 5 оилаи аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар арафаи Иди саиди Қурбон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба 5 оилаи деҳаҳои Бӯстон, Сумандара ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод, ки дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10 июли соли равон хисороти моливу ҷонӣ дидаанд, кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кӯмаки расонидашуда аз маҳсулоти ниёзи аввал иборат буд.
«Кӯмаку дастгирии қишри ниёзманд ва муҳтоҷи ҷомеа дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ дар кишвар ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ин мақсад, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар оянда низ талош менамояд, ки дар пайрави ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстонаро идома диҳад»,-афзуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






